Ссылки доступа

Коргарони маъюбшудаи "Анзоб": додгоҳ тарафи корхонаро гирифт, ҳуқуқшинос қарорро нодуруст номид


Акс аз як корхонаи симоббарорӣ дар Қирғизистон. Бойгонӣ
Акс аз як корхонаи симоббарорӣ дар Қирғизистон. Бойгонӣ

Баҳси як гурӯҳи  маъюбон бо корхонаи истеҳсоли маъдан дар ноҳияи Айнӣ, ки иддао дорад, барҳам хӯрдааст, се сол боз ҳалли ниҳоии худро намеёбад.

Кормандони собиқи корхонаи маъдантозакунии "Анзоб" мегӯянд, солҳои тулонӣ дар шароити сангин кор карда, аз ҷароҳатҳои гуногун маъюб шуданд ва ҳоло талаби ҷуброни саломатиашонро доранд. Чизе, ки корхона бар дӯш намегирад ва додгоҳ низ даъвои маъюбонро беасос хондааст. Вале ҳуқуқшиносони огоҳ аз ин баҳс даъвои маъбонро қонунӣ арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки онҳо ҳаққи дарёфти ҷуброн ба саломатиашонро доранд.

Воҳид Зоҳидов, сокини ноҳияи Айнӣ, ки дар паи таркиши нақб дар Комбинати маъдантозакунии "Анзоб" нобино шудааст, ҳоло наметавонад ҷуброни зарари саломатиашро гирад. Ӯ 67 сол дорад. Мегӯяд, 30 сол пеш таркише ӯро аз ду чашми бино маҳрум кард ва дигар натавонист дар ҷое кор кунад.

"То соли 2015 ҳар моҳ нафақаи ҷуброни зарар пардохт мешуд, баъдан корхона баҳона пеш овард, ки «барҳам хӯрдааст», «салоҳияти ҷуброни зарар бар дӯши он нест». Инак ҳатф сол мешавад пушти дари тамоми идораҳои дахлдор рафтем, вале садои моро касе намешунавад".

Зоҳидов маъюби гурӯҳи як буда, то соли 2015 моҳе 230 сомонӣ ҷуброни зарар ба саломатиаш пардохт мешуд.

Айни чунин мушкилро нӯҳ тан аз ҳамкорони дигари Воҳид Зоҳидов доранд, ки дар солҳои гуногун дар макони корӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ин гурӯҳи 10-нафарии маъюбон пас аз он ки мушкилашон дар сатҳи иттифоқҳои касаба ва дигар идораҳои марбутаи давлатӣ ҳал намешавад, барои дигарбора барқарор намудани ҷуброни зарар ба додгоҳи ноҳияи Айнӣ шикоят бурдаанд.

Бар асоси санадҳои расмие, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, Комбинати маъдантозакунии "Анзоб" бо ширкати амрикоии "Comsup Commodities Inc" соли 2005 корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико "Анзоб"-ро ташкил додаанд, ки он ҳамчун корхонаи навтаъсис дар Вазорати адлияи кишвар сабти ном шудааст. Соли 2006 ҷониби Тоҷикистон саҳми худро, ки 51 дарсад будааст, ба фурӯш гузошт ва он аз сӯи ширкати "Comsup Commodities Inc" харидорӣ шуда, ин ширкат соҳибмулки корхона эътироф шуд.

Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гуфта шудааст, ки Комбинати маъдантозакунии "Анзоб", ки ҳоло гурӯҳи маъюбон аз он ҷуброни зарар талаб доранд, соли 2016 барҳам хӯрдааст.

Маъюбон даъво доранд, ки корхонаи муштараки "Анзоб" дар заминаи корхонае ташкил шудааст, ки онҳо дар гузашта дар он кор мекарданд ва ҳаққи дарёфти ҷубронпулӣ аз ин корхонаро доранд.

Додгоҳи Айнӣ даъвои гурӯҳи маъюбонро беасос хонда, қарор содир намудааст, ки корхонаи муштараки "Анзоб" вориси ҳуқуқии комбинати "Анзоб" набуда, ӯҳдадор нест ба маъюбон ҷуброни зарар пардохт кунад. Дар ҳукми додгоҳ зикр шудааст, ки Комбинати маъдантозакунии "Анзоб" қабл аз барҳамхурӣ ӯҳдадориҳояшро назди кормандони собиқаш иҷро намудааст.

Маъюбоне, ки дар гузашта аз Комбинати маъдантозакунии "Анзоб" ҷуброни зарар дарёфт мекардаанд, 29 нафар будаанд. Бархе аз онҳо феълан дар қайди ҳаёт нестанд ва 10 нафар аз маъюбони даъвогар барои дарёфти ҳаққи худ ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Дар санадҳои додгоҳӣ аз таъмини нафақа ба 29 нафар кормандони собиқ ёд мешавад.

Дар қарори додгоҳ, аз ҷумла, омадааст: "Суд муайян намуд, ки ...аз 28 апрели соли 2011 пардохти ҷубронпулии 29 нафар маъюбон ба зиммаи Раёсати ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Айнӣ вогузор шудааст, ки раёсати мазкур аз моҳи май соли 2011 то май 2015 ҷубронпулии маъюбонро пурра пардохт кардааст". Раёсати ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Айнӣ ҳоло мавҷуд нест ва бахше аз салоҳиятҳои он ба Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гузаштааст.

Як намояндаи Раёсати оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд дар баҳсҳои додгоҳӣ аз даъвои гурӯҳи маъюбон ҷонибдорӣ намуд. Намояндаи ваколатдори ин ниҳод дар мурофиаҳои додгоҳӣ иброз доштааст, ки корхонаи муштараки "Анзоб" вориси ҳуқуқии Комбинати маъдантозакунии "Анзоб" эътироф гардида, то моҳи маи соли 2015 дар мавриди қатъи кори комбинат ҳуҷҷате мавҷуд нест.

Хуршед Ахмедов, як масъули Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баҳсҳои додгоҳӣ масъалаи ҷуброни зарар ба саломатии маъюбон ба ҳеҷ ҷонибе вогузор карда нашуд. Ба қавли ӯ, маъюбон ҳаққи дарёфти ҷуброни зарар ба саломатиашонро доранд, вале аз тарафи кадом идора ё корхона пардохт шудани ҷубронпулӣ ҳанӯз номуаян боқӣ мондааст.

Як намояндаи дигари ин оҷонсӣ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, собиқ Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамоҳангӣ бо Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соли 2011 масъалаи пардохти ҷуброни зарари маъюбонро бар дӯш гирифта буданд, вале он пас аз як санҷиши мақомоти додситонӣ ва ошкор гардидани камбудиҳо дар кори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қатъ гардид. Ӯ дақиқ нагуфт, ки чӣ камбудиҳо ошкор шудааст, танҳо таъкид намуд, ки додситонӣ қабули санадҳои маъюбонро аз сӯи мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ғайриқонунӣ арзёбӣ кардааст: "Барои ҳамин пешниҳод кардааст, ки пардохти пули маъюбон қатъ карда шавад".

Дар қарори додгоҳ низ гуфта шудааст, ки қабл аз барҳамхурии Комбинати маъдантозакунии "Анзоб" пардохти ҷуброни зарар ба саломатии маъбон ба зимаи собиқ Раёсати ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Айнӣ вогузор шудааст.

Ҳарчанд додгоҳ бо таваҷҷӯҳ ба сабти номи корхонаи муштараки "Анзоб" дар Вазорати адлияву дигар санадҳои пешниҳодшудаи расмӣ, ки онро ҳамчун корхонаи навтаъис нишон медиҳад, қарор содир кардааст, вале маъюбон бовар доранд, ин корхона меросбарӣ корхонаест, ки онҳо дар гузашта он ҷо кор мекарданд.

Абуалӣ Давлатов, яке аз маъбони дигар ба Радиои Озодӣ гуфт: "Корхонаи муштараки "Анзоб" дар ҳамон ҷое аст, ки мо дар гузашта кор мекардем ва он ҷо маъюб шудем".

Гурӯҳи маъюбон аз соли 2019 бо корхонаи муштараки "Анзоб" вориди баҳсҳои додгоҳӣ шудаанд, вале то ҳол мушкилашон ҳалли худро наёфтааст. Адвакати онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳси ҷуброни маъюбон ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва онҳо барои дарёфти ҷубронпулии маъюбон талошҳояшнро идома хоҳанд дод.

Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки ба қарори додгоҳ ва баҳсҳои ҷонибҳо шинос шудааст, мегӯяд, аз аввал гурӯҳи маъюбон бояд нисбати Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа шикоят мебурданд, на корхонаи муштараки маъдан.

"Чун Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар гузашта масъалаи таъмини ҷуброни зарари маъюбонро бар ӯҳда гирифта будааст, ин идора ҳақ надошт якҷониба аз чунин ӯҳдададорӣ даст кашад. Танҳо замоне даст кашидааст, ки мақомоти прокуратура ин амалашро ғайриқонунӣ гуфтааст. Маъюбон ҳақ доранд бар асоси ҳамон санади базиммагирифтаи ин оҷонсӣ ҳаққашонро талаб кунанд, вале нисбати корхона, ки дар гузашта ӯҳдадориро аз худ дур кардааст, шикоят бурдаанд", шарҳ дод Насруллоев.

Ин ҳуқуқшинос таъкид намуд, ки қарори додгоҳро дар нисбати маъюбон наметавон ғайриқонунӣ ё ноодилона арзёбӣ кард, вале нуктаҳои баҳсбарангез дорад, ки шарҳу тавзеҳро талаб мекунад: "Корхонаи муштарак то масъалаи пардохти ҷуброни маъюбонро ҳал намекард, ҳақи барҳам хӯрданро надошт, яъне тибқи қонун ҳар корхона пеш аз барҳамхӯрӣ бояд тамоми ӯҳдадориҳояшро назди кормандон иҷро кунад. Ҳоло мегӯяд, вориси ҳуқуқӣ нестам, вале ин масъалаи баҳснок аст».

Бахтиёр Насруллоев таъкид намуд, ки бояд нахуст баҳсҳои додгоҳӣ сари ӯҳдадориҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ, ки дар гузашта ҷубронпулии маъюбонро бар дӯш гирифтааст, сурат гирад ва дар қадами дуввум шеваи барҳамхурии Комбинати «Анзоб» ва вориси ҳуқуқӣ будан ё набудани он баҳс шавад: "Зеро таҷриба нишон додааст, ки баъзан корхонаҳо барои гурез аз ӯҳдадориҳои худ аз сари нав таъсис меёбанд, аз рӯи қарори додгоҳ он санадҳое, ки корхонаи муштарак пешниҳод кардааст, наметавонанд собит созанд, ки он вориси ҳуқуқии корхонаи пешин нест".

Корхонаи муштараки "Анзоб" ба истихроҷ ва ғанисозии маъданҳои мураккаби симобу сурма дар ноҳияи Айнӣ машғул аст. Соли 2006 Кумитаи амволи давлатии кишвар хабар дода буд, ки Тоҷикистон Корхонаи коркарди маъдани "Анзоб"-ро ба як ширкати амрикоӣ мавсум ба «Сомsup» фурӯхтааст. Он замон ин ниҳод гуфта буд, ки корхонаро ширкати амрикоӣ ба маблағи 3 миллион доллар харидорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG