Ссылки доступа

Боздоштшудаҳои гирдиҳамоии Алматоро аз 15 то 20 рӯз ҳабси маъмурӣ карданд


Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон 11 тан аз ширкатдорони гирдиҳамоии рӯзи 24 апрелро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кард. Дар гирдиҳамоӣ раҳоии маҳбусони сиёсӣ талаб шуда буд.

8 тан аз боздоштшудаҳо ҳабси маъмурӣ ва 3 тани дигар ҷарима шуданд. Дар ин бора аз додгоҳи шаҳрии Алмато хабар доданд.

Фаъолони маданӣ 24-уми апрел дар назди бинои Академияи илмҳои Қазоқистон дар Алмато ҷамъ омада, раҳоии онҳоеро талаб карданд, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ дастгир шудаанд.

Фаъоли мадании қазоқ Айгерим Тлеужан гуфт, онҳо пешакӣ шаҳрдории Алматоро огаҳ карда буданд, ки чунин таҷаммуъ баргузор мекунанд. Ӯ афзуд, то замони озод шудани ҳамаи маҳбусони сиёсӣ ҳар ҳафта тазоҳурот баргузор мекунад.

Намояндагони шаҳрдории Алмато тазоҳуроти фаъолонро "ғайриқонунӣ" номида, талош карданд, ки онҳоро пароканда созанд.

XS
SM
MD
LG