Ссылки доступа

Рамзан Қодиров барои ҳадяи рамазонӣ ба Шавкат Мирзиёев сипос гуфт


Дар остонаи Иди Рамазон ҳайати Узбекистон ба Чеченистон рафта, ба роҳбари он Рамзан Қодиров ҳадияи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро супорид. Ҳадя аз тасвири себуъдии маҷмаи "Пойи калон"-и Бухоро иборат буд.

Дар тасвир манораи Калон, масҷиди Калон ва мадрасаи Мири Араби Бухоро нақш ёфтааст. Рамзан Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки падари вай Аҳмад Қодиров дар мадрасаи Мири Араб таҳсил карда, пайваста аз солҳои донишҷӯияш ба некӣ ёд мекард.

Қодиров ба Мирзиёев "на танҳо барои табрикот, балки барои ҳамкориҳои босамари сиёсиву фарҳангӣ миёни Узбекистон ва Русия" ташаккур баён кардааст.

Дар як навори видеоӣ Рамзан Қодиров нақл кард, ки барои тасвири маҷмаи "Пойи калон" 3,4 кило нуқра ва миқдоре тило сарф шудааст.

XS
SM
MD
LG