Ссылки доступа

Имсол аз Тоҷикистон 3,5 ҳазор кас ба Ҳаҷ мераванд


Арабистони Саудӣ имсол барои зоирини тоҷик 3562 квота ҷудо кардааст. То замони пандемияи коронавирус солона аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои адои Ҳаҷ ба Саудӣ мерафт. Ду сол пеш ба далели пандемияи коронавирус сафари зоирин манъ шуда буд.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ охири ҳафтаи гузашта теъдоди зоирин ва ҳам шумораи квота барои кишварҳои ҷаҳонро эълон кард. Бар асоси ин эълон, имсол аз Тоҷикистон танҳо 3562 нафар метавонанд ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд.

Бар асоси ин эълон, имсол дар сафари зоирин баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, шахсони аз 65-сола боло наметавонанд ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Онҳое ҳам, ки барои адои Ҳаҷ мераванд, бояд ваксинаи зидди COVID-19 гирифта бошанд. Зоирини хориҷӣ ҳамчунин бояд натиҷаи манфии санҷиш аз COVID-19-ро дар мӯҳлати на дертар аз 72 соат пешниҳод кунанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо рӯзи 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол аз Саудӣ мактуби расмӣ нагирифтаанд, вале омодагиҳо барои фиристодани зоирини тоҷик оғоз шудааст. Сухангӯи Кумита танҳо гуфт, аз эълони Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ фаҳмидаанд, ки теъдоди зоирини тоҷик имсол каме зиёдтар аз 3,5 ҳазор хоҳад буд.

Дар Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, дар навбати аввал онҳое барои адои ҳаҷ фиристода мешаванд, ки ду сол пеш бо далели пандемия сафарашон лағв шуда буд. Қарор аст маросими ҳаҷҷи фарзӣ имсол аз 7 то 12-уми июл баргузор мешавад.

Сар аз соли 2020 бинобар пандемияи COVID-19, маросими Ҳаҷ дар шароити маҳдуд баргузор мешуд. Мақомоти Арабистони Саудӣ адои ҳаҷро танҳо барои сокинони маҳаллӣ ва хориҷиҳое иҷозат медоданд, ки дар он кишвар зиндагӣ доранд. Соли гузашта ин кишвар танҳо ба 60 ҳазор зоири эмшуда иҷозаи иҷрои маросими Ҳаҷро додаанд.

Ҳар сол ҳудуди 2,5 миллион мусалмон, аз беш аз 180 кишвари ҷаҳон, барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Аммо имсол Саудӣ гуфт, имсол як миллион мусалмон аз саросари ҷаҳон ҳақ доранд, ба Макка сафар карда, дар маросими Ҳаҷ иштирок кунанд.

Ҳаҷ яке аз панҷ рукни дини ислом аст. Ду сол аст, ки даҳҳо нафар дар Тоҷикистон мунтазири боз шудани роҳи ҳаҷ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG