Ссылки доступа

Унвони Нурсултон Назарбоев дар Конститутсияи нави Қазоқистон


Гуруҳи корӣ оид ба тағйири Конститутсияи Қазоқистон пешниҳод карда, ки дар қонуни асосии он кишвар номи президенти собиқ Нурсултон Назарбоев ҳамчун "асосгузори Қазоқистони мустақил" дарҷ карда шавад.

Дар ин бора узви гуруҳи корӣ Ермек Абдрасулов. 25 апрел дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Дар Қонуни асосии мо он чизе навишта шудааст, ки аз сӯи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ танзим мешавад. Гуруҳи корӣ ба хулосае омада, ки ин мақом бояд на ба қонуне, ки ин меъёрро муайян мекунад, балки дар худи Конститутсия муайян шавад. Яъне, нахустин президенти Қазоқистон бунёдгузори Қазоқистони соҳибистиқлол аст”, - гуфт Абдрасулов.

Вай ҳамчунин афзуда, ки ин мақом "аҳамияти бузург" хоҳад дошт, зеро ба гуфтаи ӯ, "хидматҳои Назарбоев"-ро ҳамаи шаҳрванди Қазоқистон ва ҷаҳон шоҳид шудааст.

XS
SM
MD
LG