Ссылки доступа

Президенти Туркманистон бахшида ба "Шаби қадр" 514 маҳбусро афв кард


Президенти нави Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов 22 апрел қонуни нави афви маҳбусон дар он кишварро имзо кард.

Дар иттилоияи расмии мақомоти Туркманистон гуфта шуда, ки ин қонун бахшида ба "Шаби қадр" дар моҳи Рамазон имзо шудааст ва бар асоси он 514 маҳбус аз зиндон озод мешаванд.

Мақомоти туркман гуфтаанд, маҳбусони озодшуда "аз кардаи худ сахт пушаймон" гаштаанд.

Бердимуҳамедов дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, "бо имзои қонуни афв ба шахсоне, ки аз ҷинояти содиркардаашон сахт пушаймон шудаанд, имкон медиҳем, то гуноҳи худро бо меҳнати ҳалол ҷуброн кунанд ва дар рушди кишварамон фаъолона иштирок кунанд".

Президенти Туркманистон ҳамасола бахшида ба ид ва ҷашнҳои давлатӣ маҳбусонро афв мекунад ва коршиносон ин амали ӯро ҳамчун як василаи боло бурдани обрӯй меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG