Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон гуфт, баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ба "зудӣ ҳал" мешавад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории расмии он кишвар "Кабар" гуфтааст, мушкили марзӣ бо Тоҷикистон "ба зудӣ" ҳал хоҳад шуд.

Ӯ афзуда, ки раванди гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон қатъ нашудааст ва дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо роҷеъ ба 600 километр ба созиш расидаанд ва ҳамагӣ 300 километри дигар боқӣ мондааст.

"Масъалаи марз бо Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд. Аммо он на танҳо аз ҷониби мо, балки аз ҳар ду ҷониб ба кундӣ пеш меравад. Мушкили марзие, ки дар 30 сол ҳал нашуд, дар як моҳ ҳал кардан номумкин аст. Минтақаҳои баҳснок мавҷуданд. Ҳар ду тараф то даме, ки нуқтаҳои баҳсиро ҳал накунанд, девор гузошта наметавонанд. Одамоне, ки инро намефаҳманд, мегуянд, девор месохтанд, беҳтар мешуд. Ҳар вақте мушкил ҳал шуд, ҳар ду тараф ба сохтани девор шуруъ мекунанд. Гузаргоҳҳои марзӣ боз ва тиҷорат низ оғоз мешавад. Муносибат бо Тоҷикистон ҳамон гуна хоҳад буд, ки ҳоло бо Узбакистон аст. Умедворам, ки муносибатҳо мисли пештара идома хоҳанд ёфт", - афзудааст Ҷабборов.

Ҳангоми баргардони ин суҳбати президенти Қирғизистон ба забони русӣ бо сабабҳои номаълуф суханҳои ӯ дар бораи он ки мехоҳад мушкили марзиро ба зудӣ ҳал кунад, ихтисор шудаанд.

Ҷабборов қаблан гуфта буд, ки аз 972 километр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 664 километри он мувофиқа шуда, 308 километри дигар мондааст. Бино ба охирин оморе, ки аз ду тараф нашр мешуд, Тоҷикистону Қирғизистон 519 километр марзи муштаракашонро мувофиқа кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта Қирғизистонро ба аҳдшиканӣ ва содиқ набудан ба санадҳои имзошуда байни ду кишвар муттаҳам кардаанд. Ду тараф ҳам дар моҷарову хунрезиҳо дар марз якдигарро гунаҳкор мекунанд.

Яке аз бадтарин муноқиша байни ду кишвар рӯзҳои 28-30-уми апрели соли 2021 сурат гирифт, ки дар натиҷа ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон аз он тараф 36 нафар ва аз Тоҷикистон 19 нафар кушта шуданд. Даҳҳо тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд. Бо вуҷуди 1300 километр марзи муштарак бо Афғонистони ноором, дар ин марз талафоте, ки марзбонони тоҷик додаанд, дар муқоиса ба талафот дар марз бо Қирғизистон камтар аст.

XS
SM
MD
LG