Ссылки доступа

Аз 14 осорхонаи Узбекистон бештар аз 3000 осори фарҳангиро ғорат кардаанд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 26 апрел дар бораи ғорат ва зиёни осори фарҳангии кишвараш маълумот дод.

Мирзиёев гуфт, санҷиши 14 осорхона нишон додааст, ки бештар аз 3 ҳазор осори арзишманди фарҳангӣ ғорат шудааст.

Ба иттилои вай, дар маҷмуъ зиёне, ки ба иншооти мероси фарҳангӣ дар 30 соли охир расонида шудааст, ба бештар аз 355 млн доллари ИМА баробар аст.

Мирзиёев дастур додааст, ки феҳристи тамоми бозёфтҳои таърихии осорхонаҳо то охири сол тартиб дода шавад.

Ба илова, президенти Узбекистон гуфтааст, дониш ва дараҷаи касбии роҳбарону кормандони ҳамаи осорхонаҳо санҷида шавад.

Чанд рӯзи пеш расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки миёни бозёфтҳои таърихӣ дар осорхонаи Ичан-Қалъаи Хива намунаҳои ҷаълии бозёфтҳо ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG