Ссылки доступа

Абдулазиз Комилов аз мақоми вазири умури хориҷии Узбекистон барканор шуд


Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки Абдулазиз Комилов "бо сабаби гузаштан ба кори дигар" аз раҳбарии ин ниҳод барканор карда шудааст.

Сухангӯи раисҷумҳури Узбекистон Шерзод Асадов гуфтааст, Комилов муовини котиби Шӯрои амнияти назди президент дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният таъйин карда шуд.

Пештар манобеъ дар Тошканд гуфта буданд, ки Комилови 74-сола ба хотири изҳороташ дар бораи мавқеи Узбекистон нисбати вазъи Украина аз мақомаш истеъфо додааст.

Вай бори охир дар мазҳари ом рӯзи 17 март ҳозир шуда буд. Он замон Комилов мавқеи Узбекистонро дар баробари вазъи Украина шарҳ дода буд.

"Узбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - гуфта буд он замон вазири корҳои хориҷии Узбекистон.

Сиёсатшиносон ин изҳоротро мавқеи ҷиддӣ ва "боҷасорат" унвон карданд.

XS
SM
MD
LG