Ссылки доступа

Мухолифони ҳукумати Арманистон тазоҳурот доранд


Марш оппозиции

Дар шаҳри Еревани Арманистон рӯзи дувум аст, ки тазоҳуроти мухолифини ҳукумат идома дорад. Ҳаракати "Муқовимат" ҳукумати сарвазир Никол Пашинянро дар қасди имзои созишнома бо Озарбойҷон ва эътирофи ҳукумронии Озарбойҷон дар тамоми қаламрави Қарабоғи Куҳӣ айбдор мекунад.

Мухолифони ҳукумат бовар доранд, ки танҳо бо роҳи барканории Пашинян аз имзои чунин созишнома мешавад, пешгирӣ кард. Қисме аз эътирозгаронро марги зани ҳомила дар Ереван зери чархи мошине аз корвони мошинҳои сарвазир Пашинян ба хашм овардааст. Ин ҳодиса рӯзи 26 апрел рух дод.

Рӯзи чаҳоршанбе мақомот эътироф карданд, ки зани ҳомиларо мошине аз корвони мошинҳои сарвазир зер кардааст. Дар дастгоҳи Пашинян гуфтанд, вай аз тирезаи мошин уфтодани занро дида ва дастури даъват мошини ёрии таъҷилиро додааст. Ба суол дар бораи ин ки чаро сарвазир таваққуф ва ба зан кӯмак накард, дар дастгоҳи Пашинян гуфтанд, ки дар он сурат роҳ баста мешуд ва мошини ёрии таъҷилӣ наметавонист, ба ҷои ҳодиса расад.

Зани ҳомила дар ҷои ҳодиса фавтид. Пашинян баъди ин ҳодиса бо падари зани фавтида суҳбат ва изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар рӯзи аввали гирдиҳамоии мухолифон дар шаҳри Ереван 3 нафар ва дар рӯзи дувум 20 кас боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG