Расонаҳои Қазоқистон бо такя ба вакили мудофеи Худойберган навиштанд, ки муфаттишон бо ҳадафи дарёфти нишондодҳои барои айбдоркунандаи давлатӣ зарурӣ ба вакил фишор меорад.
Бибигул Кабдолдина, модари Худойберган мегӯяд, писараш дар ташкили бетартибиҳои моҳи январ даст надорад. Вай аз пулис озодии фаврии писарашро талаб кардааст.
Расонаҳои Қазоқистон рӯзи 22 апрел аз бозошти Кайрат Худойберган хабар доданд. Додгоҳе дар Алмато рӯзи 25 апрел вакили маҷлиси шаҳриро барои 30 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Пеш аз ҳабсаш Худойберган дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ аз сокинон даъват карда буд, ба иғво дода нашаванд.