Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон беш аз 4 миллион моя ваксинаи мазкур захира карда шудааст ва он барои дубора эмкунии шаҳрвандони кишвар кифоя мебошад.
"Дар бораи хариди мояи иловагии ваксина гуфтугӯ надорем. Мо истифодаи ваксинаро назорат мекунем ва феълан харидории ваксинаи “Спутник V” дар нақша нест", - афзуд ӯ.
Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи декабри соли гузашта хабар доданд, ки дар Маҷмааи дорусозии Қарағандаи ин кишвар истеҳсоли ваксинаи русӣ низ оғоз шудааст.