Вакили порлумони Қирғизистон Элдар Сулаймонов 27 апрел дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, дар деҳаи Чекобод, миёни ноҳияҳои Аравани вилояти Ӯш ва Марҳамати вилояти Андиҷони Узбекистон як дидбонгоҳ буд, ки ҳоло бастааст.
"Тибқи иттилои дарёфтӣ, як ҳайати 40-нафарии Узбекистон барои боз кардани марзҳо ба Қирғизистон меояд, аз шумо хоҳиш мекунем, ба онҳо кумак кунед", - афзуд вакил.
Жээнбек Кулубоев дар посух гуфт, ки ин масъала дар мулоқоти сарвазирони ду кишвар баррасӣ шудааст.