Ссылки доступа

Владимир Норов вазифаҳои вазири корҳои хориҷии Узбекистонро иҷро мекунад


Владимир Норов ноиби аввал вазири корҳои хориҷии Узбекистон таъйин шуд ва иҷрои вазифаҳои вазири хориҷии он кишвар ба дӯши Норов гузошта шудааст.

Норов дар солҳои 2006-2010 вазири корҳои хориҷии Узбекистон буд.

Абдулазиз Комилов, ки то чанде пеш вазири корҳои хориҷии Узбекистон буд, аз мақом барканор ва муовини котиби Шӯрои амнияти он кишвар таъйин шудааст.

Комилов бори охир дар мазҳари ом рӯзи 17 март ҳозир шуда буд. Он замон Комилов мавқеи Узбекистонро дар баробари вазъи Украина шарҳ дода буд.

"Узбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - гуфта буд он замон вазири корҳои хориҷии Узбекистон.

Абдулазиз Комилов ибтидои соли 2013 ба мақоми вазири корҳои хориҷии Узбекистон таъйин шуда будю

XS
SM
MD
LG