Ссылки доступа

Ҷанги Идибек бо лашкари малах дар Хатлон


Лашкари азими малах дар Вахш мардумро ба дод овардааст
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:57 0:00

Лашкари азими малах дар Вахш мардумро ба дод овардааст

Дар ноҳияи Кушониён малах ба садҳо гектар киштзору чарогоҳи сокинон зиён расонидааст.

Сокинон дастаҷамъона бо лашкари малах мубориза мебаранд. Дар саффи пеши муборизон Идибек Абдуллоев қарор дорад. Ӯ ронандаи трактор аст ва як моҳ боз бо трактори заҳрпоши худ бо лашкари азими малах меҷангад. Умедвор аст, ин лашкари бузургро нобуд мекунанд. “Саҳар барвақт ҷаъм мешаванд. Мо малахро кушта истодаем, хело кам мешаванд. Дар мавзеъи Умарқазоқ ҳастем, малах хело зиёд буд. Дигар тракторҳо ба дигар минтақаҳо рафтанд. Дар ҷойе, ки трактор рафта метавонад кушиш мекунем, ки бо трактор заҳр пошем,”—гуфт ӯ.

Зуҳурбек Шарифов, чорводор ва як масъули Идораи мубориза бар зидди малах дар ноҳияи Кушониён аст. Ин “меҳмонон”-и нохонда ва зиёноварро бисёр бад мебинад, чун дору надори кишоварзонро нобуд мекунанд.

“Мо бо дастури роҳбарон малахро нест мекунем, вале аз ҳудуди ноҳияи Вахш малах боз омада тухм партофта зиёд мешавад. Маълум мешавад, ки дар ҳудуди ноҳияи Вахш малах нест карда намешавад, онҳо аҳамият намедиҳанд,”—гуфт ӯ.

Ин деҳқон аз наздиктар омадани малах ба киштзорҳояш нигарон аст. Мегӯяд, ҳашароти бераҳм даҳҳо гектар чарогоҳро нест карда, ба мардуми деҳот зарар расонидааст. Малах ризқи чорвои сокинонро нобуд мекунад.

“Аз чорво шир, гӯшт ва равғанро таъмин мекунем. Вақте малах хамла мекунад, чорво гурусна мемонад. Зарари калоне ба соҳаи чорводорӣ мерасонад,”—мегӯяд Шарифов.

Соли аввал нест, ки малах киштзору чарогоҳҳои Хатлонро нобуд мекунад ва ё ба онҳо зарар мерасонад. Соли гузашта сабзавоту полезиҳоро хурда буданд. Мақомоти кишоварзии вилоят мегӯянд, дар ноҳияи Вахш ва дигар навоҳӣ хатари ҳамлаи малах аз байн рафтааст. Аммо видеоҳо аз минтақаҳо дигар чизро нишон медиҳад. Ҳамлаи бераҳмонаи лашкари малахро, ки ҳар рустании сари роҳашонро бебаргу шоху беҷон мекунанд.

XS
SM
MD
LG