Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҷияни "Елбасӣ"-ро аз кор ронданд


Оҷонси мубориза зидди фасоди Қазоқистон мегӯяд, Ербол Назарбоев, ки расонаҳо ӯро писари бародари президенти пешини ин кишвар Болат Назарбоев меноманд, аз мақомаш дар ин ниҳод барканор карда шудааст.

"Назарбоев Е. 26 январи соли равон бо фармони раиси Оҷонси мубориза зидди фасоди Қазоқистон аз мақоми муовини сардори департаменти махсуси оҷонс сабукдуш шудааст", - омадааст дар иттилияи расмии оҷонс.

Ин ниҳод ҳамчунин хабар дода, ки Ербол Назарбоев 14 апрел аз мақомоти зидди фасоди Қазоқистон пурра ихроҷ гаштааст.

Ербол Назарбоев моҳи ноябри соли 2020 муовини сардори департаменти махсуси оҷонси мазкур таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG