Дар ин бора Майкл Карпентер, сафири ИМА дар Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо бо истинод ба иктишофҳои амрикоӣ хабар додааст.
Карпентер гуфта, ки Москва мехоҳад, дар минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар Луганск ва Донетск барои пайвастан ба ҳайати Русия "раъйпурсии сохта"-и баргузор кунад.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, нишонаҳои омодагии Русия ба баргузории раъйпурсӣ дар бораи истиқлоли Херсон мушоҳида мешавад.
Сафири ИМА дар Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо афзудааст, ки Русия эҳтимол аст, ба чунин иқдомҳо дар миёнаҳои моҳи майи соли равон даст занад.