Ссылки доступа

Оҷонси мероси фарҳангии Узбекистон хароб шудани иншооти Ичан-Қалъаро рад кард


Дар даҳ соли охир мӯриёна задани иншоот дар Ичан-Қалъаи Хива мушоҳида нашудааст.

Дар ин бора Оҷонси осори фарҳангии вазорати сайёҳӣ ва осори фарҳангии Узбекистон хабар дод.

Пештар аз ин мудири Институти зоология, донишманди илмҳои биологии Узбекистон Бахтиёр Холматов гуфта буд, ки мӯриёнаҳо ба кандакориҳои 33 иншооти таърихии Узбекистон дар маҷмаи Ичан-Қалъа зиёни ҷиддӣ расонидаанд.

Ба гуфтаи вай, аз мӯриёнаҳо Масҷиди Ҷумъа, мақбараи Паҳлавон Маҳмуд, Муҳаммад Инак ва дигарон дар Ичон-Қалъа зиён дидаанд.

Оҷонси осори фарҳангии вазорати сайёҳӣ ва осори фарҳангии Узбекистон хабар медиҳад, ки кормандони ин ниҳод 10 сол пеш дар 34 иншоот мӯриёнаҳоро ошкор карда буданд ва аз он замон барои пешгирӣ аз тахриби иншоот чораҳои безараргардонӣ анҷом медиҳанд.

"Дар 10 соли охир шумори иншооте, ки аз мӯриёнаҳо зиён дида бошанд, наафзудааст. Чораҳои доимии пешгирӣ натиҷа додаанд", - хабар медиҳад Оҷонси осори фарҳангӣ.

XS
SM
MD
LG