Ссылки доступа

Баъди ба дарё рехтани беш аз 8 тонна шир ба мушкили кишоварзони қирғиз расидагӣ шуд


Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Бақит Торобоев бо кишоварзони вилояти Чуй ва намояндагони корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ мулоқот кардааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии девон, дар мулоқот додугирифти кишоварзону коркардкунандагон, сифат ва нархи шир баҳс баррасӣ карда шудааст.

"Миёни тарафҳо меъёри ягонаи қабул ва арзёбии сифати шир вуҷуд надорад, ки бештари вақт баҳсҳоеро ба миён меорад. Қарор шуд, ки ду гурӯҳи корӣ таъсис шуда, якумӣ меъёри қабулу сифати ширро ва дувумӣ қоидаву шароити кории кишоварзону коркардкунандагонро муайян созад", - афзудааст хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои ба дарё рехтани беш аз 8 тонна шир паҳн шуда буд. Бино ба хабарҳо, гуё корхонаҳои коркарди шир "маҳсулоти хомро бо баҳонаи пеш омадани мушкилоти техникӣ" қабул намекунанд.

XS
SM
MD
LG