Ссылки доступа

Аз Қирғизистон хостанд, иттиҳом алайҳи рӯзноманигори таҳқиқотгарро бекор кунад


Ҳомиёни ҳуқуқ парванди ҷиноӣ зидди рӯзноманигори мустақили қирғиз Болот Темировро "сиёсӣ ва қасосгирии ошкоро" барои таҳқиқи фасодкориҳои мансабдорон меноманд.

Як қатор созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз қабили Шарики байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR), Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ (NHC), Бунёди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи башар (HFHR) ва ҳомиёни ҳуқуқи маданӣ (CRD) бо нашри як изҳорот парвандаи ҷинои Темировр маҳкум карданд.

Созмонҳои байналмилалӣ ҳамчунин аз парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Kaktus.media ва Next TV, қабули қонун дар бораи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ, даъват ба эътирофи баъзе аз созмонҳои ғайридавлативу расонаҳоро ҳамчун "агенти хориҷӣ" ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ин ҳама фазои озодии баён дар Қирғизистонро бадтар мекунад.

Муаллифони муроҷиатнома аз мақомоти Қирғизистон хостаанд, ки иттиҳом алайҳи Болот Темировро бекор кунанд.

Темиров 18 апрел таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ширкати писари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар тендерҳои давлатӣ нашр кард. Рӯзи 19 апрел мақомот хабар доданд, ки нисбати Темиров парвандаҳои нав дар бораи "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" кушода шудааст. Темиров мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои касбиаш таъқиби ҷиноӣ мешавад.

Дар моҳи январи имсол низ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG