Ссылки доступа

Кормандони "КЕЗБИ" барои додхоҳӣ ба пойтахти Қазоқистон рафтанд


Гуруҳе аз кормандони ширкати "Кезби", ки чоҳҳои нафти "Озенмунайгаз"-ро таъмир мекунад, ба шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон рафтанд, то аз мақомот афзоиши маоши худро талаб намоянд.

Онҳо 4 май аз Вазорати энергетика, Додситонии кул ва ширкати миллии "КазМунайГаз" боздид намуданд.

Яке аз кормандони "КЕЗБИ" Нурсултон Нуримов гуфт, комиссияи оштӣ шартҳои гузошташударо иҷро накард ва аз болои нафткашҳои корпарто ба додгоҳ шикоят бурдааст.

"Бинобар ин, ҳоло омадаем, аз мақомот талаб кунем, ки маоши моро баланд бардоранд", - афзуд ӯ.

Коргарони ширкати нафткаши "Кезби"ахиран дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон корпартоӣ ва маоши бештару беҳсозии шароити кориро талаб карданд.

Онҳо рӯзи 19 апрел бо шиорҳои навсозии коргоҳ ва қатъи таъқиби аъзои иттифоқи коргарӣ ба корпартоӣ баромаданд. Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи коргарони коргоҳ гуфт, коргарон соли дувум аст, ки маоши бештар талаб доранд, аммо корфармо дар ивази иҷрои талаби коргарон онҳоро таъқиб мекунад.

XS
SM
MD
LG