Ссылки доступа

Манбаъ: ҳукумати Туркманистон манъи сафари занҳо ба хориҷро баррасӣ дорад


Туркменистан (иллюстративное фото)
Туркменистан (иллюстративное фото)

Манобеъ аз Туркманистон мегӯянд, ҳукумати ин кишвар масъалаи манъ кардани сафари занҳоро ба хориҷ ба баррасӣ гирифтааст.

"Тасмими қатъӣ дар бораи манъи комили сафари занҳо ба ъориҷ қабул нашудааст. Аммо масъалаи мазкур дар сатҳи президент ба таври ҷиддӣ баррасӣ шуд. Бино ба нақшаи пешакӣ, шиносномаҳои хориҷии ҳамаи занҳоро мусодира мекунанд. Танҳо занҳое ҳаққи ба хориҷ рафтан доранд, ки комисияи махсус иҷозаи табобат гирифтан дар хориҷро ба онҳо медиҳад. Ҳамчунин занҳое метавонанд, аз Туркманистон берун шаванд, ки аз шаҳрвандии ин кишвар даст кашидаанд", - гуфт манбаъ. Ин маҳдудият ба духтароне ҳам дахл дорад, ки хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олии хориҷ аз Туркманистонро доранд.

Ба иттилои манбаъ, сабаби чунин тасмим дар он будааст, ки роҳбарони Туркманистон бовар доранд, занҳо дар хориҷ "ба нуфузи кишвар зиён мерасонанд".

XS
SM
MD
LG