Ссылки доступа

Мухолифони қазоқ вазорати адлияро ба додгоҳ мекашанд


Вазорати адлияи Қазоқистон 5 май санадҳои фаъолони мухолифро, ки барои сабтиноми ҳизби нави "Алга, Қазоқистон!" пешниҳод карда буданд, пас гардондааст.

Ин ниҳод дар посух ба дархости фаъолон, ки хостанд, сабаби радди санадҳои онҳо шарҳ дода шавад, гуфтааст, баъзе аз маълумот дар рӯйхати имзоҳо ва асноди пешниҳодӣ комил нестанд. Аммо фаъолони қазоқ гуфтанд, бо ин хулосаи Вазорати адлияи кишвари худ розӣ нестанд ва ҳамаи маълумоти пешниҳодшуда комил мебошад.

Узви гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нав Асет Абишев гуфт, рад шудани асноди онҳо "ангезаи сиёсӣ" дорад ва мақомоти қазоқ намехоҳанд, "Алга, Қазоқистон!"-ро сабтином кунанд.

Намояндаи Вазорати адлияи Қазоқистон Гулмира Ламашарипова аз шарҳи қазия худдорӣ кард.

Фаъолони қазоқ мегӯянд, барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои худ ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG