Ссылки доступа

Роҳпаймоии ҳазорҳо нафар дар маркази Алмато


Ҳазорҳо нафар 9 май дар роҳпаймоии "Ба қаҳрамонҳо таъзим мекунем" дар шаҳри Алматои Қазоқистон иштирок карданд.

Ахиран дар Русия барои иштирок дар чунин роҳпаймоӣ дар рӯзи 9 май бо акси сарбозони ҳалокшуда дар Украина даъватҳое сурат гирифта буд.

Дар Қазоқистон пешниҳод карданд, ки ба ҷои "Полки абадӣ" дар рӯзи 9 май роҳпаймоии "Ба қаҳрамонҳо таъзим мекунем" баргузор карда шавад.

Ҳазорҳо сокини Алмато дар даст акси иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 аз Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр то Боғи 28 посдор роҳпаймоӣ карданд. Ҳамчунин дар онҷон барои собиқадорони ҷанг барномаҳои консертӣ ташкил карда шуд.

Дар Қазоқистон ҷамъан 387 иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG