Ссылки доступа

Дар Тошканд ёвари додситон ҳангоми гирифтани "ришваи калон" дастгир шуд


Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ёвари додситони ноҳияи Учтепаи шаҳри Тошканди Узбекистон А.К. ҳангоми гирифтани ришва дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шудааст.

Дар хадамоти матбуотии Додситони кулли Узбекистон ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Сухангӯи додситонӣ Ҳаёт Шамсуддинов танҳо гуфт, ки "дар ин бора хабар надорад".

Аммо як манбаъ дар ин ниҳод ба шарти ифшо нашудани номаш боздошти ёвари додситонро тасдиқ кард. Ба гуфтаи манбаъ, ёвари додситонро маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дастгир кардаанд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, маъмурони амниятӣ баъди дастгир шудани ёвари додситон муовини додситони Учтепа Иқбол Султоновро барои бозпурсӣ бо худ бурданд, вале баъди дахолати "боло" ӯро озод карданд.

Манобеъ мегӯянд, додситони Учтепа Алишер Қараев хеши наздики раиси дастгоҳи президенти Узбекистон Зайналобиддин Низомиддинов аст.

XS
SM
MD
LG