Ссылки доступа

Тазоҳурот дар Бишкек бахшида ба 9 май


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 9 май дар тазоҳуроте, ки бахшида ба 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, ширкат кард.

Ҷабборов дар назди оташи абадӣ гул гузошта, хотираи фавтидагонро бо дақиқаи хомушӣ гиромӣ дошт. Ӯ дар ҷараёни суханрониаш изҳор дошт, ки "Рӯзи ғалаба иди умумихалқиест, ки ба рамзи шуҷоати ҷангӣ ва мардонагӣ табдил ёфтааст.

Раисҷумҳури Қирғизистон ёдовар шуд, ки дар он ҷанг беш аз 360 ҳазор ҳамватанонаш ширкат варзидаанд, ки беш аз 150 ҳазор тани онҳо барои мардонагӣ ва қаҳрамонии худ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гаштаанд. Аз ҷумла, 22 нафар дорандаи ордени "Шӯҳрат" ва 77 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.

"Мутаассифона, дар солҳои ҷанг зиёда аз 100 хазор ҳамватани мо ҳалок ва бедарак шудаанд. Ҳар сол сафи собиқадорони азизи мо, онҳое, ки баҳои ғалабаи ҳақиқиро медонанд, кам мешавад. Онҳоро на танҳо дар рӯзҳои ид, балки дар ҳаёти ҳаррӯза бо таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ фаро гирифтан қарзи ҳамаи мост", - таъкид кард Ҷабборов.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Қирғизистон 68 собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG