Дар ин бора варзишкор дар суҳбат бо намояндагони Кумитаи миллии Олимпии Узбекистон хабар додааст, менависанд расонаҳои узбекистонӣ.
"Ман хуб фикр кардам ва тасмим гирифтам, ки баъди Бозиҳои осиёӣ ба Бозиҳои олимпии 2024 омодагӣ мебинам", - гуфтааст Оксанаса Чусовитина.
Ин дар ҳолест, ки Чусовитина баъди иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио гуфта буд, варзишкориро хотима мебахшад. Вай дертар аз иштирок дар Бозиҳои осиёӣ хабар дод.
Оксана Чусовитина 8 маротиба дар Бозиҳои олимпӣ ширкат ва шомили Китоби рекордҳои Гиннес шудааст.