Ссылки доступа

Суҳбати телефонии президентҳои Қазоқистону Узбекистон


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

"Ду президент ҳамдигарро бо Рӯзи ғалаба табрик ва ба мардуми ҳамдигар рушду шукуфоӣ таманно карданд. Қосимҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд", - хабар доданд аз дастгоҳи президенти Қазоқистон.

Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин масоили ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти тобистонаи президентҳои кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG