Ссылки доступа

Духтари Арон Отабек мехоҳад, падарашро баъд аз марг бегуноҳ эълом кунанд


Алма Нутушева, духтари калонии Арон Отобек, шоири дигарандеши Қазоқистон, ки баъди раҳоӣ аз зиндон дар бемористон фавтид, бо роҳандозии иқдоме аз мақомоти Қазоқистон талаб дорад, падари ӯ "сафед" карда шавад.

Нутушева навиштааст, ки падари ӯро бидуни ҳеч гуна далеле ба ташкили бетартибиҳои соли 2006 дар деҳаи Шанираки Алмато гунаҳкор эълом ва 15 сол зиндонӣ карда буданд.

"Намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ҳатто баъди марги Атобек ба ман, ки духтараш ҳастам, монеа эҷод мекунанд, то воқеиятро нафаҳамам. Дар посухи расмӣ гуфта шуд, ки сабаби марг норасоии шадиди шуш аст. Баъд аз изҳороти ман шуъбаи пулис ва додситонии ноҳияи Ауэзов тасмим гирифтаанд, ки далелҳоро нобуд созанд ва бо ин ҳуқуқҳои маро ҳамчун шахси ҷабрдида поймол намуда, гузаронидани ташхиси мустақилро ғайриимкон гардониданд", - гуфта шудааст дар зери иқдоми онлайние, ки зери он аллакай наздики ҳазор корбар имзо гузоштаанд.

Додситонии Ауэзов парвандаи марги Отабекро 24 март қатъ карда, сабаби марги дигарандеши қазоқро коронавирус номид. Духтари Отабек ба ин гуфтаҳо розӣ нест ва мегӯяд, дар бадани падараш ашёи бегонаеро мушоҳида карда буд.

Шоир ва мухолифи қазоқ, Арон Эдигеев, машҳур бо тахаллуси адабии Арон Атобек, дар 68-солагӣ дар Алмато даргузашт.

Отобек бо гуноҳи ташкили бетартибиҳои оммавӣ 15 соли умри худро дар зиндон гузаронд, вале ҳеч гоҳ ин иттиҳомро напазируфтааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар вайро зиндонии сиёсӣ меномиданд.

Якуми октябри имсол ӯ аз маҳбас озод шуда буд. Отобек гуфта буд, дар натиҷаи шиканҷа, латукӯб ва шароити бади нигаҳдорӣ дар зиндон саломатияшро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG