Ссылки доступа

Сафорати Амрико Русияро бо Олмони пеш аз соли 1945 ташбеҳ кард


Дар паёми табрикии сафорати Амрико дар Узбекистон бахшида ба рӯзи 9 май амалиёти низомии Русия дар Украина ба Ҷанги ҷаҳонии дувум ташбеҳ карда шудааст.

"Мо имрӯз 9 майро ҳамчун рӯзи ғалабаи сулҳу озодӣ таҷлил мекунем, вале мутаассифона, ҳоло ҳам шоҳиди амали даҳшатоваре низ ҳастем, ки монанд ба ҳаводиси пеш аз соли 1945 аст: як давлат талош дорад, ки як ҳамсояи худро тобеъ карда, қаламрави онро бо зӯрӣ ишғол кунад", - омадааст дар паёми сафорати ИМА.

Ба иттилои сафорат, беш аз 530 ҳазор шаҳрванди Узбекистон дар якҷоягӣ бо шаҳрвандони ИМА, Бритониё ва кишварҳои дигари ҳампаймон дар ғалаба бар фашизм дар Ҷанги ҷаҳонии дувум саҳми назаррас гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG