Ссылки доступа

Дар Тошканд риши чанд мардро "иҷборан" тарошиданд


Чанд мардро дар шаҳри Тошканди Узбекистон ба шуъбаи пулис бурда, иҷборан ришашонро тарошидаанд.

Яке аз ин мардҳо гуфт, маъмурони пулис онҳоро таҳдид карданд, ки агар ришашонро худи ҳозир натарошанд, 15 шабонарӯз ҳабс хоҳанд шуд.

Хабари ҷараён доштани "амалиёти зидди риш"дар ноҳияҳои Учтепа ва Чилонзори шаҳри Тошканд ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Блогери узбек Абдураҳмон Абдураҳмонов, ки бо номи "Абдураҳмони Муфид" маъруф аст, дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Instagram акси худро бидуни риш нашр кард. "Хоҳиш мекунам, аз ман напурсед, ки чаро ришамро тарошидаам ва оё ман бо мушкиле рӯбарӯ шудаам. Шояд барои ман посух гуфтан ба ин суоли шумо мушкил бошад", - афзудааст ӯ.

Корбари шабакаи иҷтимоии "Facebook" Муҳаммадюсуф ибни Қобил ҳам шаби 6 май акси бериш ва бориши худро нашр карда, гуфтааст, ин аксҳо дар фосилаи панҷ соат гирифта шудаанд ва ришашро баъди баромадан аз шуъбаи пулис тарошидааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Узбекистон риши мардонро иҷборан метарошанд. Ду сол пеш дар бозори "Малика"-и Тошканд низ риши чандин тоҷирро иҷборан тарошида буданд.

Ду сол пеш Шуҳрат Ғаниев, раиси вилояти Фарғона, ба хотири риш доштан ба як деҳқони маҳаллӣ қарз надод. Соли 2016 мухлисони футбол бо риш ба варзишгоҳи шаҳри Бухоро роҳ дода нашуданд ва полис ба онҳо дастур дод, ки пеш аз ҳузур дар бозӣ ришҳояшонро тарошанд.

Департаменти давлатии Амрико дар гузориши худ, ки моҳи июни соли гузашта нашр шуд, гуфт, Узбекистон маҳдуд кардани озодии эътиқодро бо роҳи маҷбур тарошидани риши мусалмонон ва манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо ва идораҳо идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG