Ссылки доступа

Дар Қазоқистон барои идораи қарзҳои мушкилзо ширкатҳои махсус таъсис медиҳанд


Порлумони Қазоқистон рӯзи 11 май дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи тағйиру иловаҳо дар бораи рушди бозори дороиҳои осебпазирро ба тасвиб расонд.

Ба назари муаллифони лоиҳа, ин тағйирот барои ба муомилоти иқтисодӣ баргардонидани дороиҳои осебпазир нигаронида шуда, қабули он “ба рушди минбаъдаи бозори пардохтпазирии дороиҳои осебпазир шароит фароҳам меорад”.

Дар лоиҳаи қонун, аз ҷумла таъсиси ширкатҳои махсус барои хидматрасонӣ оид ба қарзҳои мушкилзо пешбинӣ шудааст.

Мадина Абилқосимова, раиси Оҷонси танзим ва рушди бозори молии Қазоқистон зимни муаррифии тарҳи қонун дар порлумон гуфт, ки пешниҳод доранд, вазифаи ширкатҳои хидматрасонӣ ба ниҳодҳои тобеи бонкҳое вогузор шаванд, ки дороиҳои осебпазирро идора мекунанд ва аллакай таҷриба ва салоҳияти дахлдорро доранд.

XS
SM
MD
LG