Ссылки доступа

Заҳролудшавии дастаҷамъӣ дар ҷануби Қирғизистон


Дар шаҳри Сулуктуи вилояти Бодканди Қирғизистон чандин нафар баъди хурдани оши тӯй заҳролуд шудаанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, 8 май дар яке аз тарабхонаҳои Сулукту бо иштироки 180 нафар тӯйе баргузор шудааст. 32 меҳмони тӯй баъди истеъмоли ош бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир 11 муроҷиаткунанда дар бахши касалиҳои сироятӣ табобат мегиранд. Табибон вазъи онҳоро вазнини миёна арзёбӣ мекунанд.

Молики тарабхона 15 ҳазор сом (ҳудуди 200 доллар) ҷарима карда шудааст.

XS
SM
MD
LG