Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, дари қиморхонаҳоро боз кунанд


Девони вазирони Қирғизистон тарҳи қонунеро таҳия дорад, ки бар асоси он фаъолияти қиморхонаҳо имконпазир мешавад.

Бино ба ин тарҳ, ки онро вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, фаъолияти қиморхонаҳо таҳти назорати давлат гирифта мешавад.

Ҳамчунин дар тарҳ омадааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон наметавонанд, муштарии қиморхонаҳо бошанд ва шаҳрвандони хориҷии аз 21-сола поён низ ҳаққи вуруд ба қиморхонаҳоро надоранд. Бекешев навишт, ки муаллифони тарҳ аз вакилон хостаанд, лоиҳаи қонун ба зудӣ қабул шавад.

Дар тарҳи мазкури қонун нишон дода шудааст, ки аз ҳар кадом мизи қиморхона дар соли 2022 наздики 9 ҳазор доллар андоз ситонида мешавад ва ин андоз ҳамасола меафзояд.

Дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2012 бо қабули қонуни махсус фаъолияти қиморхонаҳоро манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG