Ссылки доступа

Қатораҳо миёни Қазоқистону Узбекистон дубора ба ҳаракат медароянд


Ширкати "Узбекистон темир йуллари" хабар додааст, ки аз 15 майи соли равон ҳаракати қатораҳо миёни ин кишвар ва Қазоқистон аз сар гирифта хоҳад шуд.

Қарор буд, ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои ду кишвар 2 майи оғоз шавад, вале ба далели ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Қазоқистон ба таъхир гузошта шуд.

Ҳаракати қатораҳо дар масири "Нукус – Бейнеу (Қазоқистон) – Нукус" роҳандозӣ хоҳад шуд. Қатораҳо аз самти Узбекистон ба Қазоқистон ҳафтае се бор - сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ҳаракат хоҳанд кард.

"Равуо тавассути роҳи оҳан бо кишварҳои дигар дар асоси тавофуқи дуҷониба ба роҳ монда мешавад", - афзудааст Ширкати "Узбекистон темир йуллари".

Узбекистон ҳаракати қатораҳои мусофирбарро бо кишварҳои хориҷ моҳи марти соли 2020 ба иллати пандемияи коронавирус қатъ карда буд.

XS
SM
MD
LG