Ссылки доступа

Хабари кам шудани маоши омӯзгорон дар Қирғизистон рад шуд


Вазорати маориф ва илми Қирғизистон хабари дар моҳи сентябри соли равон кам шудани маоши омӯзгоронро дар он кишвар беасос номид.

Ба огаҳии вазорат, маоши омӯзгорони қирғизистонӣ аз моҳи апрели соли равон 80%, кормандони бахши идорӣ 50% ва масъулони техникӣ 80% зиёд шудааст.

"Шартҳои моҳонаи омӯзгорон аз соатбайъ ба музди меҳнат гузаронида шуда, меъёри ҳадди ақал низ муқаррар гаштааст", гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Қирғизистон.

Масъулони вазорат афзудаанд, ки маоши омӯзгорон дар моҳҳои оянда низ дар ҳамин сатҳ мемонад ва хабари кам шудани он асоси воқеӣ надорад.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр шуд, ки гӯиё маоши омӯзгорон дар Қирғизистон ба далели кам шудани соатҳои дарсӣ моҳи сентябри имсол коҳиш меёбад.

XS
SM
MD
LG