Ссылки доступа

Қазоқистон содироти шакарро муваққатан манъ кард


Қазоқистон дар пасманзари камчин шудани шакар аз 23 майи соли равон содироти онро барои шаш моҳ манъ кард.

Дар ин бора фармони вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев имзо ва 12 май нашр шудааст.

"Содироти шакар аз Қазоқистон ба хориҷ аз 23 майи имсол манъ карда шавад", - омадааст дар фармони вазир.

Вазорати кишоварзии Қазоқистон вазифадор шудааст, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар бораи татбиқи ин фармон иттилоъ диҳад.

XS
SM
MD
LG