Ссылки доступа

Дар Қирғизистон дари қиморхонаҳоро боз мекунанд


Як гуруҳ аз фаъолони маданӣ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон зидди бозшавии дари қиморхонаҳо 12 май тазоҳурт карданд.

Онҳо, ки ҳудуди 10 нафар буданд, дар даст шиори "Ӯш зидди қиморхона"-ро доштанд. Тазоҳургарон гуфтанд, зидди лоиҳаи қонуне ҳастанд, ки фаъолияти қиморхонаҳоро иҷозат медиҳад.

Порлумони Қирғизистон 11 майи соли равон лоиҳаи қонунеро баррасӣ кард, ки фаъолияти қиморхонаҳоро дар он кишвар иҷозат медиҳад. Лоиҳа ҳамчунин иҷозати қиморбозии онлайниро низ дар он кишвар пешбинӣ кардааст.

Дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2012 қонуне мавриди амал қарор дорад, ки ташкили қиморбозиро манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG