Ссылки доступа

Дар Туркманистон сокинонро барои ибрози муҳаббат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ муҷозот мекунанд


Пулиси Туркманистон даҳҳо ҷуфти ҷавонро танҳо барои он боздошт кардааст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ дасти ҳамдигарро қапида буданд.

Ин ҷавонон ба нақди меъёрҳои суннатӣ айбдор шудаанд. Бояд гуфт, боздоштҳои мазкур дар пасманзари афзоиши фишорҳо болои бонувон дар Туркманистон сурат мегирад.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, маъмурони пулис дар шаҳри Марии Туркманистон даҳҳо ҷуфтро барои "нақзи қоидаҳои ҷамъиятӣ" боздошт карда, ба шуъба бурдаанд.

"Ман ҳамроҳи ҳамсарам ба куча баромадам. Ногаҳон дар назди мо мошини пулис истод. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ поин шуфда, ба ману ҳамсарам гуфтанд, ки бояд бо онҳо ба шуъба рафта, баёнот диҳем", - изҳор дошт як сокини Марӣ.

Ба гуфтаи ӯ, маъмурони пулис ӯву ҳамсарашро ба шуъба бурда, дар утоқҳои алоҳида бозпурсӣ карданд. ва танҳо баъди пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шиноснома озод карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG