Ссылки доступа

Мусофирони автобуси чапашуда дар Қазоқистонро ба Узбекистон оварданд


Шаҳрвандони Узбекистон, ки 12 май дар натиҷаи чапа шудани автобус дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон осеб дида буданд, ба ватан оварда шуданд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аз 23 узбекистоние, ки дар дохили автобуси чапа шуда буданд, баъди баргашт ба ватан 18 нафарашон дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуруҳи корӣ ба раҳбарии муовини вазири ҳолатҳои фақулодаи он кишвар Азизбек Латифҷонов ташкил ва ба Қазоқистон фиристода шудааст.

Ҷасади ду узбекистонии дигар, ки дар натиҷаи ин садама ҷон бохта буданд, ба зодгоҳашон - вилоятҳои Хоразму Бухоро интиқол ёфтааст.

Вазорати ҳолатҳои фавулодаи Узбекистон гуфт, рӯзи шанбе як захмии дигари садама низ дар бемористон ҷон додаааст ва барои интиқоли ҷасади ӯ ба ватан омодагӣ дида мешавад.

Дар натиҷаи чапа шудани як автобус дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон 12 май 2 кас ҷон бохта, 33 тани дигар захмӣ шуда буд. Ба иттилои пулиси маҳаллӣ, ронандаи автобус ҳангоми боридани борони сахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба як трактор бархурдаас

XS
SM
MD
LG