Ссылки доступа

Дар робита ба шиканҷа шудани гумонбарони ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон 87 парванда боз шудааст


Додситонии шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, дар робита ба шиканҷа шудани гумонбарони ҳодисаҳои моҳи январи он кишвар 87 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар паёми садоии додситонӣ гуфта нашудааст, ки дар доираи ин парвандаҳо чанд нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд.

"Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато баъди ҳодисаҳои моҳи январ аз рӯи далелҳои шиканҷа 87 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Айни замон корҳои тафтишотӣ идома доранд”, - гуфт сухангӯи додситонии шаҳр Бауржан Тлендов.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ ҳудуди даҳ нафар, ки дар моҳи январ аз шиканҷа шикоят карда буданд, дар назди бинои додситонӣ ҷамъ омада, гуфтанд, ки тафтиши иддаои онҳо тул мекашад.

XS
SM
MD
LG