Ссылки доступа

Дидори Шавкат Мирзиёев бо президенти нави АМА


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 15 май ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт ва дар робита ба фавти амири Абу Дабӣ Шайх Халифа бин Зайд ал-Наҳаян изҳори таслият кард.

Мирзиёев дар Абу Дабӣ бо президенти нави Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Муҳаммад бин Зайд ал-Наҳаян мулоқот кард.

Президенти Узбекистон Шайх Муҳаммадро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми президентӣ табрик гуфт.

Шавкат Мирзиёев бо афроди дигари расмӣ дар Абу Дабӣ мулоқот кард.

Дар маросими ҷанозаи Шайх Халифа Муҳаммад бин Зайд президенти Фаронса Эммануэл Макрон, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва роҳбарону намояндагони кишварҳои дигар ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG