Ссылки доступа

Кормандони ширкати "КЕЗБИ" дар шаҳри Нур-Султон корпартоӣ мекунанд


Рӯзи 16 май бештар аз 20 корманди ширкати нафткаши Жанаозени Қазоқистон "КЕЗБИ" ба корпартоии худ дар назди бинои ширкати "КазМунайГаз" дар шаҳри Нур-Султон ба корпартоии худ идома доданд.

Рӯзи душанбе мошини ёрии таъҷилӣ яке аз иштирокдорони корпартоӣ - Ойбек Байпаковро ба бемористон интиқол дод. Пизишкон гуфтанд, вай фишорбаландӣ ва ҳарорат дорад. Бисёре аз иштирокдорони корпатоӣ мегӯянд, ба далели сардии ҳавои рӯзҳои охир вазъи сиҳатиашон бад шудааст.

Кормандони ширкат шикоят доранд, ки посбонони "КазМунайГаз" ба онҳо иҷоза надоданд, дар рӯзҳои истироҳат чойи гарм дам кунанд ва телефонҳои мобилашонро неру бидиҳанд.

Кормандони ширкати нафткаши "КЕЗБИ" ҳафтаи севум аст, ки дар Нур-Султон корпартоӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, то замоне, ки талаботашон қонеъ гардонида нашавад, ба хонаҳояшон барнамегарданд. Онҳо афзоиши маошро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG