Ссылки доступа

Содир Ҷабборов вазъи бархе аз вилоятҳои Афғонистонро барои Осиёи Марказӣ нигаронкунанда номид


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар ин бора рӯзи 16 май дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Москва изҳори назар кард.

Ҷабборов гуфт, "вазъи марзҳои ҷанубии СПАД ба далели бидуни монеа амал кардани гуруҳҳои тундрав нигаронкунанда боқӣ мондааст, ки сармоягузорони ин гуруҳҳо барои Осиёи Марказӣ нақшаҳо доранд".

Вай дар суханрониаш илова кард, ки "хатарҳои амниятӣ ва таниши низомиву сиёсӣ ба марзҳои СПАД наздиктар шудааст".

"Талошҳои ғайримустақими дахолат ба умури дохилии давлатҳои узви СПАД мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, ибтидои сол мо маҷбур шудем, аз буҳрони ғайриинтизори амниятӣ дар яке аз кишварҳои узви СПАД пешгирӣ кунем. Мо вокуниши фаврӣ ва натиҷаовар доштем", - гуфт Ҷабборов.

Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 ташкил шуда, Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус узви он ҳастанд.

XS
SM
MD
LG