Ссылки доступа

Расонаҳо: дар оташсӯзии осорхонаи Бишкек садҳо асари фарҳангӣ сӯхтааст


Сомонаи Kloop.kg ва Маркази пажӯҳиши фасоду ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) дар робита ба сӯхтори Осорхонаи таърихии шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар соли 2016 таҳқиқотеро нашр карданд.

Рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки гуфтаҳои раҳбарияти осорхона дар мавриди он ки гӯиё дар натиҷаи оташсӯзӣ "чанд асари беарзиши фарҳангӣ" нобуд шудааст, ҳақиқат надорад.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, дар оташсӯзии мазкур садҳо асари арзишманди фарҳангӣ нобуд шудааст.

Ба дасти рӯзноманигорон ду номаи кормандони Осорхонаи таърихии Бишкек ба унвонии Вазорати фарҳанги Қирғизистон расидааст, ки дар он гуфта мешавад, кормандон баъди оташсӯзӣ боқимондаҳои садҳо асарро пайдо кардаанд.

Раҳбарияти нави осорхона комиссияи махсусеро ташкил карда, осори таърихиеро, ки дар натиҷаи оташсӯзӣ осеб дидаанд ё нобуд шудаанд рӯйхат кардааст. Шумори асарҳои рӯйхатшуда ба 350 адад мерасад ва ҳамчунин дар сӯхтори мазкур ашёи дигар низ осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG