Ссылки доступа

Вазири қазоқ гуфт, ба кадом чорводорон имтиёз медиҳанд


Вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев рӯзи 17 май дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, дар дастгирии давлатии чорводорӣ баъзе аз "таҳрифҳо" дида мешавад.

Карашукеев дастгирии давлатии чорводоронеро, ки бидуни манбаи бокафолати ғизоӣ фаъолият мекунанд, "ғайримақсаднок" номид.

"Барои онҳое, ки дар бахши чорводорӣ имтиёз мегиранд, талаботи ҳатмии доштани иқтидори истеҳсоли ғизои чорво ва майдонҳои чарогоҳ ҷорӣ карда мешавад", - гуфт Карашукеев.

Вазири қазоқ манбаи нокофии ғизои чорворо омили асосии рушд накардани соҳаи чорводорӣ дар Қазоқистон хонд. Ба гуфтаи ӯ, дар он кишвар ҳамасола аз меъёри зарурӣ тақрибан ду баробар камтар ғизои чорво истеҳсол мешавад.

XS
SM
MD
LG