Ссылки доступа

Нафткашҳои "КЕЗБӢ" баъди додхоҳӣ аз Нурсултон ба Жанаозен баргаштанд


Гуруҳе аз кормандони ширкати "Кезби" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки барои додхоҳӣ ба шаҳри Нурсултон рафта буданд, баъди гуфтугӯ бо намояндагони ширкати "КазМунайГаз" ба Жанаозен баргаштанд.

Сомонаи "Ulysmedia" шаби душанбе ба сешанбе акси ҳудуди 20 нафткашро дар фурудгоҳ нашр кард.

Сомона аз қавли нафткашҳо Нурсултон Нуримов ва Жолмурат Уликпанов навишта, ки шаби душанбе онҳо тавонистаанд, бо шахсони масъул "гуфтугӯ" ва баҳси ҷонибҳоро "то 90 дарсад ба нафъи худ ҳал кунанд".

Есенжан Абдураҳимов, нафткаши дигар баргашти ҳамкоронаш ба Жанаозенро тасдиқ кард, вале гуфт, ҷузиёти мулоқоти онҳо бо намояндагони ширкат дертар шарҳ дода хоҳад шуд.

Коргарони ширкати нафткаши "Кезби"ахиран дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон корпартоӣ ва маоши бештару беҳсозии шароити кориро талаб карда буданд.

Онҳо рӯзи 19 апрел бо шиорҳои навсозии коргоҳ ва қатъи таъқиби аъзои иттифоқи коргарӣ ба корпартоӣ баромаданд. Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи коргарони коргоҳ гуфт, коргарон соли дувум аст, ки маоши бештар талаб доранд, аммо корфармо дар ивази иҷрои талаби коргарон онҳоро таъқиб мекунад.

XS
SM
MD
LG