Навори ин эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.
Мурод Назаров, муассиси ширкати Murad Buildings, ки дар сохтмони баландошёнаи Nest One иштирок мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки дар атрофи ин қазия ҳангома насозанд.
Маъмурияти Nest One тасдиқ кард, ки коргарон ба далели пардохт нашудани маош эътироз кардаанд.
"Одатан маошни коргарон аз сана 8 то 12 ҳар моҳ пардохт мешавад. Моҳи май дар пардохти маош таъхир шуд", - хабар доданд дар ширкати Nest One.
Баландии бурҷи Nest One 266,5 метрро ташкил медиҳад. Ин бино аз 51 ошёна иборат буда, баландтарин бино дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб хоҳад рафт. Харҷи умумии сохтмон 150 миллион долларро ташкил медиҳад.