Ссылки доступа

Толибон даҳҳо мошину ронандаро аз Тоҷикистон "доштаанд". Муҷоҳид сабабашро гуфт


Акс аз бойгонӣ

Тақрибан 200 мошини борбар ва даҳҳо ронанда аз Тоҷикистон дар хоки Афғонистон банд мондаанд. Толибон ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки аз Шерхон Бандари Афғонистон тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён вориди Тоҷикистон шаванд. Дар Душанбе вазъиятро шарҳ намедиҳанд. Сухангӯйи Толибон гуфт, масъала ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон пайванд дорад.

Дилшод, яке аз ронандагони бандмондаи тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо 8-уми май иҷозат надоданд, ки мошинҳояшонро ба Тоҷикистон гузаронанд.

Як рӯз пеш аз ин, 7-уми май, аз ҳудуди ноҳияи Хоҷа Ғори Афғонистон ба сӯи як дидбонгоҳи марзӣ дар ҳудуди ноҳияи Панҷ ҳафт мушак сар дода буданд. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро «тирҳои тасодуфӣ» номиданд.

«Он рӯз фикр кардем, шояд ба хотири чораҳои амниятӣ муваққатан роҳро бастаанд. Моро ҷавоб доданд, вале мошинҳоямонро нагузоштанд. Мо ба Тоҷикистон рафтем ва пас аз чор-панҷ рӯз қариб 50 нафар дубора ба Афғонистон баргаштем. Ҳоло на моро ва на мошинҳоямонро гузаштан намемонанд. Як ҳафта шуд, ки дар дохили мошинҳо хобем ва ба ҳеч ҷо рафта наметавонем,” -- гуфт Дилшод рӯзи 16-уми май.

Толибон даҳҳо ронандаи тоҷикро боздошт кардаанд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:37 0:00

Мошинҳое, ки ҳоло банд мондаанд, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ангишту семент мекашонданд ва аз онҷо гоҳ-гоҳ шакар меовардаанд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар бораи баста шудани гузаргоҳи Панҷи Поён расман хабар надодааст. Танҳо як масъули идораи гумрук дар Хатлон охири ҳафтаи гузашта хабари муваққатан баста шудани гузаргоҳро тасдиқ кард.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ҳодисаро тасдиқ кард. Вай рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамонгуна ки онҳо ба касе иҷоза намедиҳанд, аз Афонистон ба он сӯи марз биравад, мо ҳам ба касе иҷозаи рафтан ба он сӯро нахоҳем дод. То ҳангоме ки як тафовуқ ба даст наояд, эътимод миёни ду кишвар эҷод нашавад ва дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар тафоҳуме сурат нагирад, ба мақомҳои маҳаллӣ дар Шерхон Бандар гуфта шудааст, дарвозаро банданд ва аз он сӯ иҷозаи вуруд ба касеро надиҳанд."

Толибон моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Тоҷикистон аз он замон то ҳоло ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохта, бо онҳо ҳеч ҳамкорӣ надорад, бараъкс, ташкили ҳукумати фарогирро «бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон» тақозо дорад.

Ба назар мерасад, ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон муносибати мақомоти тоҷикро бо Толибон печидатар кардааст. Ин ҳамларо шохаи «Хуросон»-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ» ё ДОИШ ба дӯш гирифт. Баъзе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ин амал эҳтимол ба хости Толибон ва барои фишор ба ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсоя анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG