Ссылки доступа

ВКД аз оғози "амалиёти зидди террористӣ" дар Бадахшон хабар дод


Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми май аз оғози "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар дод.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ноҳияи Рӯшон миёни нерӯҳои давлатӣ ва сокиноне, ки роҳро ба самти Хоруғ баста буданд, даргирӣ сурат гирифтааст. Сокинон таҷаммӯи худро мусолиматомез ва ҳимояти ҳуқуқи худ медонанд.

Мақомот дар бораи талафот чизе нагуфтаанд, вале тибқи хабарҳо, чандин нафар дар ин даргириҳо захмӣ шудаанд.

Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 18-уми май ба нақл аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, рӯзи гузашта "аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ" ба ҳадафи "халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ", шоҳроҳи Душанбе-Қулмаро дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон "ғайриқонунӣ" бастанд.

ВКД дар ин ҳодиса ба мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ишора карда ва гуфтааст, ки "ҷинояткорон бо пуштибонии созмони байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро аз берун аз кишвар дастрас кардаанд". Аммо дар ин баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳеҷ нерӯи хориҷӣ дақиқан ном бурда нашудааст ва низ гуфта нашудааст, ки онҳо чигуна ва аз куҷо ин аслиҳаро дарёфт кардаанд.

Дар идомаи баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ" барои анҷом додани "амалҳои террористӣ", "зархаридони хориҷӣ"-ро ҷалб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе сомонаҳои хабарие, ки ҳодисаҳои Бадахшонро пушиш медиҳанд, навиштанд, ки дар ин даргирӣ аз силоҳи сангин истифода шудааст. Таъйиди ин гуфтаҳо аз манбаъҳои дигар ҳанӯз номумкин аст. Дар ҳоли ҳозир иртиботи интернетӣ бо Бадахшон қатъ аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз оғози "амалиёти зидди террористӣ" дар Бадахшон хабар дод, ки аз рӯзи 16-уми май ба ин тараф шаҳри Хоруғ ноором аст. Сокинони норозӣ ду рӯз қабл аз ин истеъфои раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, гуфта буданд, дар сурати беэътиноии мақомот дубора тазоҳурот мекунанд.

Намояндагони эътирозгарон ба мақомот то соати 16-и 16-уми май муҳлат доданд. Мақомот ин талабҳоро ғайриқонунӣ дониста, гуфтанд, онҳоро баррасӣ накарданд. Пас аз он эътирозгарон ба кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, шоми 16-уми май ба зидди ҷавонон аз воситаҳои парокандакунӣ истифода шудааст. Баъзе аз сокинон аз истифодаи гази ашковар ва баъзеи дигар аз истифодаи тирҳои резинӣ хабар доданд. Тибқи иттилои расмӣ, бар асари даргирӣ миёни сокинони норозӣ ва мақомоти қудратӣ як бошандаи Хоруғ ба ҳалокат расида, се афсари пулис захмӣ шуданд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст. Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.

Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG